Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи умури дини Тоҷикистон ба риш коре надорад


 Мавлон Мухторов-муовини аввали раиси Кумитаи умури дини Тоҷикистон

Мавлон Мухторов-муовини аввали раиси Кумитаи умури дини Тоҷикистон

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, бо гузоштани риш ба андозаву ҳаҷми он коре надорад.
Мавлон Мухторов-муовини аввали раиси Кумитаи умури дини Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин овоза дар бораи дастури тарзи ришгузорӣ асоси воқеӣ надорад.
Ба назари Мавлон Мухторов масъалаи ришгузорӣ ва риояи зарофатҳои шаръӣ ба ихтиёри бахши фатвои Маркази исломии Тоҷикистон аст.
Аммо яке аз масъулини Маркази исломии Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад мегӯяд, воқеан ду моҳ қабл Кумитаи умури дини Тоҷикистон ба шӯъбаи фатвои маркази исломӣ мактуб фиристода хоста буд, то уламо тибқи талаботи мазҳаби Ҳанафия шаклу миқдори ришмониро муаяйн кунанд.
Уламои марказ баъд аз таҳқиқ ба хулоса омаданд, ки мувофиқи таълимоти мазҳаби Ҳанафия дарозии риш набояд аз як мушт камтар бошад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, дар робита ба мондани риш мегӯяд, ки “мондани риш як қабза аст, ҳамон риши суннатие, ки Паёмбар (с) мондаанд ва тавсия низ кардаанд»
Соҳиб Абдулоев донишҷӯи Донишгоҳи милии Тоҷикистион мегуяд, ки барои доштани риш ӯро аудитория роҳ намдедоданд ва ночор ришти худро гирифтааст.
Ду сол қабл мақомоти интизомии кишвар як амалиёти ғайрирасмӣ алайҳи ришдоронро пиёда карда буданд, ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр афроди ришдор ба хусус шахсонеро, ки риши дароз доштанд, манъ мекарданд ва ба шӯъбаи умури дохилӣ мебураднд.
Ҳоло дар Тоҷикистон навъҳои мухталифи ришгузорӣ роиҷ аст.Бархе аз афроде, ки худро пайрави салафиҳо мешуморад бо риши то сари сина мегардад, ки бештар ҳамин навъи риш ба чашми мақомдорони умури дохилӣ мехалидааст.
XS
SM
MD
LG