Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 ширкат хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013, ки аз 17-ум то 27-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, футболбозони соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд иштирок мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа Мубин Эргашев омода месозад. Ба ҷуз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа тимҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Латвия, Литва, Русия, Туркманистон, Узбакистон, Украина ва Эстония ширкат меварзанд.

Ба наздикӣ қуръакашии мусобиқа баргузор шуда, дастаҳо ба се гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим мешаванд. Дар даври дувум ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва ду тими беҳтарин миёни дастаҳои ҷойҳои севумро ишғолкарда барои ҷойҳои 1-8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои ҷойҳои 9-12-ум талош мекунанд.

Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ рӯзи 23-юми январ, ниманиҳоӣ – 25-уми январ, бозиҳо барои ҷойҳои 9-ум ва 11-ум 26-уми январ, бозиҳо барои ҷойҳои 3-юм, 5-ум, 7-ум ва бозии ниҳоӣ 27-уми январ барпо хоҳанд гашт. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский» баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG