Пайвандҳои дастрасӣ

Тӯфони Бофа ҳаёти камаш 200 касро аз байн бурд


Тӯфони нерӯманд ҳаёти беш аз 200 сокини ҷануби Филиппинаро аз байн бурдааст. Субҳи рӯзи сешанбе вақте тӯфони Бофа оғоз ёфт, камаш 151 нафар дар водии Компостелаи ҷазираи Минданао ба ҳалокат расиданд. Сипас ҳангоми обхезиву сел дар паноҳгоҳ ва урдугоҳи низомии ҳамин водӣ камаш 60 каси дигар ҳалок шуданд. Рӯзи чоршанбе дар макони фалокат сарнавишти садҳо нафари дигар маълум набуд. Филиппина ҳар сол бо тахминан 20 тӯфон мувоҷеҳ мешавад. Имсол Бофа нерӯмандтарин тӯфон дар Филиппина ба шумор меравад. Соли гузашта тӯфони Ваши ҳаёти 1500 сокини Минданаоро аз байн бурда буд.
XS
SM
MD
LG