Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарфи назар аз эътироз Мурсӣ ба ҷойи кораш баргашт


Эътироз дар назди қасри президентии Миср (Қоҳира 4-уми декабри соли 2012)
Эътироз дар назди қасри президентии Миср (Қоҳира 4-уми декабри соли 2012)
Президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ ба қасри раёсатҷумҳурии ин кишвар, воқеъ дар Қоҳира, баргашт, вале то ҳол дар майдони рӯ ба рӯи қаср тазоҳуроти эътирозгарон идома дорад. Рӯзи сешанбе вақте даҳҳо ҳазор эътирозгар дар назди қаср раҳпаймоӣ ташкил намуданд, Мурсӣ ҷойи корашро тарк кард. Эътирозгарон аз салоҳияти бидуни маҳдудияти президент, ки ду ҳафта пеш Мурсӣ ба худаш тақдим кард ва ҳамчунон лоиҳаи сарқонуни ин кишвар, ки аз тарафи муттафиқони исломии президенти Миср таҳия шудааст, ба ғазаб омада, истеъфои ӯро талаб доранд. Мурсӣ мегӯяд, ки баъди қабули сарқонуни нави ин кишвар салоҳиятҳои иловагиро канор хоҳад гузошт. Президенти Миср дастур додааст, ки назархоҳии умумӣ барои қабули сарқонуни нав 15-уми декабр барпо шавад. Мухолифини президенти Миср мегӯянд, лоиҳаи конститутсияи нав ҳуқуқи башарро ҳимоя намекунад. Онҳо ҳамчунон Мурсиро бо амали шабеҳи диктаторҳо муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG