Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО барномаҳояш дар Афғонистонро баҳс мекунад


 Андерс Фог Расмуссен
Андерс Фог Расмуссен
Имрӯз дар Брусел вазирони корҳои хориҷиии кишварҳои узви паймони НАТО барномаи давраи гузариш дар Афғонистонро баҳс мекунанд. Паймон тасмим гирифтааст дар соли 2014-ум сарбозонашро аз Афғонистон берун кашида, таъмини назму субот дар ин кишварро бар ӯҳдаи нерӯҳои ҳукумати афғон вогузор намояд. Баъди ихроҷи сарбозонаш НАТО нақша дорад дар тамрини афсару сарбозони артиш ва полиси афғон саҳм гирад. Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен мегӯяд, аллакай ҳашт кишвари узви паймон мувофиқат кардаанд, ки дар барномаҳои тамрини нерӯҳои афғон иштирок варзанд. Ҳамчунон дар нишасти рӯзи чоршанбе аъзои НАТО ҳамкорӣ бо Гурҷистонро, ки мехоҳад узви паймон бошад, мавриди арзёбӣ қарор медиҳанд. Рӯзи сешанбе вазирони кишварҳои НАТО ҷойгиркунии мушакҳои зиддиҳавоии Патриот (Patriot) дар қаламрави Туркияро тасдиқ карданд. Ин мушакҳо бояд Туркияро аз ҳамлаҳои Сурия эмин нигаҳ доранд.
XS
SM
MD
LG