Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизи пешини Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода боздошт шуд


Наздикони Убайдулло Ғаффоров, афсари пешини КДАМ-и Тоҷикистон, аз боздошти ӯ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд.

Убайдулло Ғаффоров, ки бо лақаби «Убайди зард» маъруф аст, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мебошад.

Раҳматулло Ғаффоров, бародари Убайдулло Ғаффоров рӯзи 5-уми декабр ба «Озодӣ» гуфт, ки вай дар боздоштгоҳи муваққатии Шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Ваҳдат нигоҳдорӣ мешуд, вале бо сабабҳои номуайян, дар охирҳои ҳафтаи гузашта ба Душанбе интиқол дода шуд.

Ба қавли Раҳматулло Ғаффоров, бародараш дар авоили моҳи ноябр аз Русия ихроҷ шуда буд, вале ҳангоми фуруд омадан аз ҳавопаймо, дар бинои фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда ва тайи як моҳи ахир, дар боздоштгоҳи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат бидуни айбнома нигоҳдорӣ мешуд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ба таври расмӣ боздошти Убайдулло Ғаффоровро рад мекунад.

Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба вазорати умури дохилӣ, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки Убайдулло Ғаффоров дар авоили моҳи ноябр дар шаҳри Челябинск боздошт ва ба Душанбе истирдод шудааст. Вай бо амалҳои ғоратгарӣ, одамрабоӣ, ғайри қонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва гаравгонгирӣ, муттаҳам мешавад.

Убайдулло Ғаффоров то солҳои дуҳазорум яке аз муҳофизони Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруфи кишвар ва собиқ муовини сарвазири кишвар буд. Аммо баъди соли 2000-ум ба Русия рафт ва давоми ёздаҳ сол дар ин кишвар зиндагӣ дошт.

Убайдулло Ғаффоров, ҳамроҳи Намоз Қурбонов, фармондеҳи дигари собиқ иттиҳодияи мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳон, ҳоло ноҳияи Ваҳдат фаъолият дошт ва пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997, ба сохторҳои қудратӣ дар Раёсати муҳофизатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, шомил шуда буд.
XS
SM
MD
LG