Пайвандҳои дастрасӣ

TI Тоҷикистонро аз "фасодзадатарин"-ҳо хондааст


Созмони байналмилалии Transparency International дар гузориши нави худ «Пазириши фасод дар соли 2012» Тоҷикистонро дар ҷои 157-ум қарор додааст. Ин созмон сатҳи фасоду шаффофияти ниҳодҳои ҳукуматиро баҳогузорӣ карда, Тоҷикистонро миёни 176 давлати дунё дар паҳлӯи Ангола ва Камбоҷа ҷойгир кардааст.

Созмони Transparency International, ки мақараш дар шаҳри Берлин аст, сатҳи пасттарини фасодро дар Дания, Финландия ва Зеландияи нав арзёбӣ карда ва далели онро шаффофияти кори ниҳодҳои давлатӣ гуфтааст. Ба сифати кишварҳои фасодзадатарини ҷаҳон Афғонистон ва Сомалӣ номбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG