Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси БМ: Бонкҳо бояд ҷуброни таъхиркориҳоро пардозанд


Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ахиран дар мулоқот ба хабарнигорон, ҷуброни саривақт пардохт нашудани пули мардумро, қобили дастгирӣ хонд.

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷумла таъкид намуд, ки "тарафдор аст ва бонкҳо бояд барои як рӯзу ним рӯзе, ки пул дар гардишашон ҳаст, ба соҳиби пул фоизи муайян диҳанд."

Раиси Бонки Миллӣ аз ҷумла гуфта буд, ки ба бонкҳои Тоҷикистон дастур додааст, то реҷаи кории худро тавре ба роҳ монанд, ки соҳибони кортҳои пластикӣ, сарфи назар аз он, ки рӯзи истироҳат аст ё корӣ, шаб аст ё рӯз, маблағи худро дастрас намоянд.

Аммо Муҳаммад Набиев, як сокини Душанбе мегӯяд, сарфи назар аз он, ки корхонаашон маблағҳоро саривақт ба суратҳисоби бонк мегузаронад, онҳо наметавонанд фавран маошашонро дастрас кунанд, чун баъзе банкоматҳо бо сабабҳои техникӣ кор намекунанд ва дар бархе дигар маблағ дастрас намебошад.

Ба гуфтаи таҳлилгарони соҳа, камбуди банкоматҳо ва сари вақт интиқол
наёфтани маблағҳо ба кортҳои плостикӣ, мушкили бознишастагон ва кормандони буҷавиро ба маротиб бештар мекунад ва дар аксар ҳолатҳо аз набудани пул дар банкоматҳо на танҳо нафақахӯрон, балки тамоми сокинони пойтахт азия мекашанд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз коргарон талаб доранд, бонкҳо барои ҳар рӯзи таъхиркорӣ, фоизи муайян пардохт намоянд. Намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ далели дар оғози ҳар моҳ сар задани камбуди пул дар банкоматҳояшонро ба он рабт медиҳанд, ки мавсими гирифтани маош аст ва талабот ба пул дар банкоматҳо зиёд мешавад. Аз ҳамин сабаб гоҳе наметавонанд саривақт банкоматҳоро бо пул таъмин кунанд.

Тибқи иттилои Бонки Миллӣ, теъдоди соҳибони кортҳои пластикӣ дар Тоҷикистон ҳудуди ним миллион нафарро ташкил дода, ин нишондод рӯ ба афзоиш аст.
XS
SM
MD
LG