Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон бо сарони кишварҳои ИДМ мулоқот мекунад


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бегоҳи 4-уми декабр дар шаҳри Ашхобод бо президенти Туркманистон, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, илму техника ва фарҳанг баррасӣ гардидааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки имрӯз дар назар аст, сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии раисиҷумҳур оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG