Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Миср тазоҳуроти азими мухолифон идома кард


Рӯзи сешанбе даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Қоҳира пойтахти Миср дар назди кохи раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ тазоҳурот карданд. Дар аввал пулис бо истифода аз гази ашковар хост, тазоҳургаронро пароканда намоянд, вале баъдтар ақибнишинӣ кард ва ба тазоҳургарон иҷоза дод, то ба деворҳои кохи раиси ҷумҳур бирасанд. Тазоҳургарон хостори истеъфои Муҳаммад Мурсӣ ҳастанд, ки бо як амре тамоми қудратро дар даст гирифт ва аз тарҳи қонуни нави асосӣ ҳимоят кард, ки аз сӯи тарафдорони исломгарояш шитобкорона таҳия ва тасвиб шуд. Тазоҳургарон, ин эътирози худро “охирин ҳушдор” номидаанд. Бино ба гузоришҳо, баъди бузургтар шудани издиҳоми тазоҳургарон дар назди кохи раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ онҷоро тарк кардааст. Тазоҳурот алайҳи раиси ҷумҳур дар Искандария ва дигар шаҳрҳои Миср низ баргузор шуд. Муҳаммад Мурсӣ 15 декабрро рӯзи раъйпурсӣ барои қабули тарҳи Қонуни Асосӣ эълом кард, ки ба гуфтаи мунтақидон камбудии зиёд дорад ва ба ҳуқуқи на ҳама эҳтиром мегузорад.
XS
SM
MD
LG