Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд оғоз мешавад


Имрӯз дар шаҳри Ашқобод пойтахти Туркманистон нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ оғоз меёбад, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ҳузур хоҳад дошт. Масъалаи мубориза бо терроризм, пулшӯӣ ва ҳамкориҳои низомиву иқтисодӣ дар ин нишаст баррасӣ хоҳад шуд. Бино ба гузоришҳо, қарор аст, дар ин заминаҳо чанд созишнома ба имзо бирасад. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон "ба далели кори бисёр" дар нишаст ҳузур нахоҳад дошт, ки инро аломате аз камаҳамиятии ҳамоиши сарони кишварҳои муштаракулманофеъ медонанд. Дар остонаи ҳамоиш, Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон мулоқот ва роҳҳои тавсиаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG