Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико иддаъои Эронро рад кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддаъоҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро рад кард, ки гуфт, як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба дасти онҳо афтодааст. Аз ин пештар расонаҳои давлатии Эрон гуфтанд, ки ин ҳавопайморо нерӯҳои кишвар дар қаламрави ҳавоии Эрон дар Халиҷи Форс гирифтор карданд. Телевизионҳои эронӣ наворе аз ин ҳавопайморо намоиш дода, вале нагуфтанд, ки он чӣ гуна ба дасти нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ афтодааст. Ҷей Карнӣ, сухангуи Кохи Сафед рӯзи сешанбе дар шаҳри Вашингтон гуфт, онҳо ҳеҷ далели дуруст будани иддаъоҳои Эронро надоранд. Соле пештар нерӯҳои эронӣ гуфтанд, ки як чунин ҳавопаймои дигари амрикоиро сарнагун карданд, вале ба қавли мақомоти Амрико ин ҳавопаймо бинобар мушкилот, маҷбур шудааст, дар қаламрави Эрон фуруд ояд.
XS
SM
MD
LG