Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон аз хатар ба амнияти миллиаш гуфт


Кумитаи Амнияти Миллии Қазоқистон нахустин бор эътироф кард, ки гурӯҳи террористии Ҷунд ал-Халифа ва ё Сарбозони Хилофат таҳдиде ба амнияти миллии кишвараш аст. Кабдулкарим Абдилказимов, муовини раиси кумита рӯзи сешанбе дар шаҳри Остона ба хабарнигорон гуфт, “гурӯҳи муайяни шаҳрвандони Қазоқистон ва зодагони ин кишвар” аъзои Ҷунд-ал-Халифа шудаанд, ки дар марзи Покистону Афғонистон паноҳгоҳ доштааст. Баъди он ки гурӯҳи мазкур масъулияти бомбгузорӣ дар шаҳри Атирау ва ҳамла ба маъмурони пулис дар шаҳри Тарозро бар душ гирифт, фаъолияти онро дар Қазоқистон мамнӯъ эълом карданд.
XS
SM
MD
LG