Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия "Патриот"-ҳои хостаашро мегирад


Паймони НАТО дархости Туркия барои истиқрори мушакҳои Патриотро дар қаламрави онро тасвиб кардааст. Туркия мегӯяд, ин системаи пешрафтаро барои муҳофизат аз ҳамлаҳои мушакии эҳтимолӣ аз Сурия лозим дорад. Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО дар поёни нишасти худ дар шаҳри Брюссел рӯзи сешанбе бо нашри баёнияе гуфтанд, ки “НАТО қарор кард, ки тавоноии зиддимушакии Туркияро тақвият бахшад.” Дар ин баёния ҳамчунин аз азми Олмону Ҳолланд ва Амрико барои додани системаи зиддимушакии Патриот ба Туркия истиқбол шудааст. Русия аз шарикони деринаи Сурия гуфтааст, истиқрори ин система дар Туркия, сабаби авҷ гирифтани хусумату муноқиша мешавад. Андерс Фог Рассмусен гуфт, бо тасвиби дархости Туркия, мушакҳои Патриот дар муддати чанд ҳафта дар ихтиёри он кишвар гузошта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG