Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар тирборони мактаб дар Сурия 29 нафар ҷон бохтанд


Андерс фог Расмуссен

Андерс фог Расмуссен

Дар канори шаҳри Димишқ бар асари тирборони мактаб аз сӯи мухолифини мусаллаҳ 29 нафар ба ҳалокат расидаанд. Хабаргузории давлатии САНА навиштааст, ки дар ин ҳодиса 28 толибилм ва як омӯзгор ҷон бохтаанд.

Дабири кулли НАТО НАТО Андерс Фог Расмуссен имрӯз дар арафаи нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви созмон дар Брюссел гуфт, ҳама гуна талоши аз сӯи режими Сурия истфода шудани силоҳи кимиёвӣ вокуниши шадиди ҷомеъаи ҷаҳониро ба думбол хоҳад дошт.

Аз ин пеш Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, низ ба раҳбари Сурия ҳушдор дод, ки истифодаи силоҳи кимиёвӣ алайҳи мухолифини мусаллаҳ барои Димишқ паёмадҳои ногувор хоҳад дошт. Изҳороти Обама 3 декабр баъди он пахш шуд, ки мансабдорони амрикоӣ дар бораи интиқоли силоҳи кимиёвӣ ва истифодаи эҳтимолии он алайҳи нерӯҳои мухолифин хабар доданд.

Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Паймон интиқоли системи мушакии амрикоии “Патриот” ба Туркия барои ҷойгирсозӣ дар марзҳо бо Сурияро мепазиранд. НАТО мегӯяд, ки ҷойгирсозии системи мушакии “Патриот” фақат ба хотири мудофиа сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG