Пайвандҳои дастрасӣ

Як қочоқбари маъруфи афғон, ки солҳо боз аз пулиси тоҷику афғон фирор мекард, саранҷом тавассути деҳқони асиргирифтааш дар Шӯрообод, кушта шуд.

Ин раҳбари гурӯҳи қочоқбар, бо номи Рабӣ, ки ба тиҷорату интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҳудуди ноҳияи Шӯробод машғул будааст, аввали моҳи гузашта аз ҷониби як сокини оддии Шӯрообод парронда шуд.

Ба гуфтаи як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Шӯрообод, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, сокини ин минтақа ҳангоми шуғле дар мавзеи Давлатободи ноҳияи Шӯрообод, ба дасти се шаҳрванди Давлати исломии Афғонистон ба гарав афтиданд. Ин манбаъ мегӯяд, сокини ба асоратафтода аз мавриди муносибе истифода бурда, бо силоҳҳои худи қочоқбарон ба сӯи онҳо оташ кушоданд.

Ба қавли манбаъ қочоқбарон дар аввал аз асир пурсиданд, ки хидматӣ ҳарбӣ кардааст, ё не. Ӯ гуфтааст, ки хизмат накардааст. Онҳо ду автоматро дар дарахт меовезанд ва аз пайи тановули ғизо мешаванд. Ҳамин ҳангом асир бо як чолокӣ автоматро аз шохи дарахт гирифта тир мекушояд ва як нафарро ҷо ба ҷо мекушад. Ду тани дигар дар ҳоле, ки шадидан маҷруҳ буданд, рӯ ба фирор оварданд. Аммо ин ду тан низ бар асари замҳои марговар фавтиданд. Ҳоло маълум шуд, ҳамон шахсе, ки аввал ҳалок шуда, раҳбари як гурӯҳи қочоқбар будааст.

Ин марди аз асорат озодшуда автоматҳоро бо худ ба қитъаи сарҳадӣ овард ва ба мақомот супурд. Наздикони ин нафар гуфтанд, ки ҳангоми боздошт, ӯ аз ҷониби қочоқчиён бо автомат латту кӯб шудааст ва то ҳозир ҳолати рӯҳиаш хуб нест ва наметавонад, дар ин маврид сӯҳбати дуруст анҷом диҳад.

Барои аввалин бор аст, ки як сокини оддӣ ҳангоми ба гарав афтодан, қочоқчиёнро бо силоҳҳои худашон ба ҳалокат мерасонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки борҳо сокинони оддӣ пешниҳод кардаанд, ки онҳоро бо силоҳ таъмин созанд то алайҳи кочоқчиён мубориза баранд.

Ноҳияи Шӯрообод бо давлати исломии Афғонистон беш аз 150 километр хатти марз дорад. Бинобар марзи душворназорат доштан, ҳодисаҳои марзшиканӣ, ба гарав гирифтани сокинони оддӣ, кочоқи маводи мухаддир дар ин ноҳия зиёд ба назар мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG