Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди БҶ - "ғайри оқилона" ё амри зарурӣ?


Пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди афзоиши 50 дарсадии қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон, дар ҷомеаи тоҷик як ҳолати ҳайронӣ ва нороҳатиро ба миён овардааст.

Намояндагони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи муштарӣ махсусан аз далели ин пешниҳод норозиянд, ки Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, чунин афзоиш сабаб сарфаи нерӯи барқ дар кишвар мешавад.

Раиси иттиҳоди муштариёни Тоҷикистон Баҳодур Ҳабибов ба радиои “Озодӣ” гуфт, то афзудани қимати барқ ба 50 дарсад бояд омодагиҳо сурат гиранд ва ин кори яку ду сол нест. Вай афзуд, ин ақида ботил аст, ки мардум дар пайи боло рафтани қимати барқ, кам харҷ мекунад: “Аҳолӣ 20 то 25 дарсади барқро истифода мекунад. Корхонаи “Талко” 45 дарсади барқи тавлидшуда “фурӯ мебарад”. Мардум ҳоло то 500 сомонӣ маблағи барқ месупоранд, агар 50 дарсад ва ба таври оҷил боло бурда шавад, пас метавонед тасаввур кунед, ки чӣ тавр ҳуқуқи онҳо поймол мешавад. Бовар дорам, ки ин танҳо як пешниҳод аст.”

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши «Бӯҳрони энержии Тоҷикистон дар фасли сармо: таъмини барқ ва алтернативаҳои талабот» мегӯяд, арзиши иқтисодии камбуди барқ дар фасли зимистон 3 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил мекунад. Аз ин сабаб, ба хотири ҷуброни ин хисорот Тоҷикистон, аз ҷумла бояд дар фасли сармо аз хориҷа барқ ворид кунад, ширкати «Талко», бузургтарин истифодабарандаи барқи кишвар, хизматрасонии фанниашро аз тобистон ба зимистон гузаронад, нерӯгоҳҳои мавҷударо таҷдид намояд ва аз газу ангишт нерӯгоҳҳои ҷадид бунёд кунад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик
Дар ин гузориш омадааст, ки таҷдиди сохтор ва эҷоди зарфиятҳои нав 8 сол идома мекунад ва солона 380 миллион, дар кулл 3,4 миллиард доллар зарур аст. Роҳи умдатарини пайдо кардани ин маблағ, аз нигоҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ба таври фаврӣ 50 дарсад боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон аст.

Иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ин пешниҳоди Бонки ҷаҳонӣ «оқилона» нест. Вай афзуд, боло бурдани қимати барқ сабаби инфлятсияи бузург мешавад, ки аз боло рафтани нархҳо ба миён хоҳад омад. Вай афзуд, беҳтар мебуд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ роҳҳои дуруст ҷамъ овардани маблағи ҳамин барқеро, ки истеҳсол мешавад, нишон медоданд: «Сохтор вуҷуд надорад. Одамон тавре, ки дар замони Шӯравӣ буд, мустақим ба бонки амонатӣ рафта, маблағи барқро намесупоранд. Ҳазорҳо роҳи фиреб ва аз худ кардани маблағи барқ вуҷуд дорад. Ҳарфи фасод дар миён аст. Аксар вақт маблағро ҷамъ оварда наметавонанд»

Бино ба иттилои «Барқи тоҷик», Тоҷикистон ҳамасола 19 миллиард киловатт соат барқ истеҳсол мекунад ва ба қиматҳои гуногун ба аҳолӣ, корхонаҳои давлатӣ, тиҷорӣ ва дигар муассисаҳо мефурӯшад. Қисмати умдаи барқ рӯзона ҳудуди 20 миллион квт-соат аз масрафаоти «Талко» - ст, ки як киловат барқро бо қимати 9 дирам харидорӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мардуми оддӣ як киловатт-соат барқро 11 ва корхонаҳои саноатӣ - 27 дирам харидорӣ мекунанд.

Коршиносон боз 50 дарсад боло бурдани ин нархи барқро имконнопазир медонанд, аммо зиёдтар аз ин мардуми оддӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Зайнаб, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, нархи барқро чӣ тур мешавад боло бурд, вақте ҳаминашро ба мушкилӣ месупорем. Зимистон то 200 – 300 сомонӣ ҳаққи барқ месупорем. Сохтори гармидиҳӣ кор намекунад, ки хонаҳо гарм шаванд. Газ нест, ки хӯрок тайёр кунем. Ҳама ба дӯши барқ меафтад. Агар нархи барқ зиёд шавад, бояд ки ҳамаи пуламонро барои барқ супорему бишинем гушнаву ташна.

Дар ҳамин ҳол, «Барқи тоҷик» дар ҳоли ҳозир ба яке аз ширкатҳои пурмушкили Тоҷикистон табдил ёфтааст, ки фақат аз андоз ҳудуди 380 ва аз нерӯгоҳи «Сангтӯда – 1» 290 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин ширкат наметавонад, ки аз вазорати обу обёрӣ 200 миллион сомонӣ ва ҳамин қадари дигар аз мардум
Ҳоло ҳама умеди тоҷикистониён ба сӯи "Роғун" аст, ки кай сохта мешавад ва аз мушкили бебарқӣ раҳо мешаванд.
Ҳоло ҳама умеди тоҷикистониён ба сӯи "Роғун" аст, ки кай сохта мешавад ва аз мушкили бебарқӣ раҳо мешаванд.
маблағашро ҷамъ карда, гирад. Талафоти барқ дар кишвар ҳам аз 9 дарсади замони Шӯравӣ ба 20 дарсад боло рафтааст.

Аммо Баҳром Сироҷов, сарвари пешинаи иттиҳодияи «Тоҷикэнерго», ки акнун «Барқи тоҷик» ном дорад, мегӯяд, боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон як амри зарурист. Вай афзуд, дар оғози даврони истиқлолият қимати барқ барои аҳолӣ 0,2 сент буд ва ҳоло ин рақам ба 2,4 сент боло омадааст: «Бояд қиматҳо боло бурда шаванд, аммо қадам ба қадам. Ин тавр не ки якбора 50 дарсад боло бурда шавад. Агар нархҳо боло бурда нашаванд, наметавонем ба тарҳҳои энержӣ, нерӯгоҳҳо сармояи хориҷиро ҷалб кунем. Ин ҳатмист. Ҳеҷ ҷо гурехта намешавад.»

Коршиносон ҳамчунин бар паёмадҳои сиёсии болоравии қиматҳо, ки дар пайи афзоиши нархи барқ пеш хоҳад омад, ишора мекунанд. Ба қавли онҳо, барқ дар ҳоли ҳозир танҳо энержиест, ки иқтисоди кишварро меҷунбонад, аз ин хотир, гарон шудани он ба иқтисод таъсири шадиди манфӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG