Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории САҲА ва аҳзоб ба хотири амнияти Тоҷикистон


Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои таъмини амнияти Тоҷикистон, бо аҳзоби сиёсии кишвар ҳамкории бештар хоҳад кард.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ният дорад барои таъмини амнияти Тоҷикистон барномаҳои ҷаддидро рӯи даст гирад ва дар мулоқоти нахустинаш бо намояндагони аршади аҳзоби сиёсӣ, рӯзи 4-уми декабр, пешниҳодоташонро дар ин маврид шунидааст.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ дар доираи мулоқоти аҳзоби сиёсӣ бо масъулини САҲА дар Душанбе хостааст, ин созмон дар таъмини амнияти марз бо Афғонистон, саҳми бештар бигирад.

Шабдолов бо такя ба таҳлилҳои гузарондаашон таъкид намудааст, ки «вазъи заифи амниятӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон ва беназоратӣ дар қитъаҳои алоҳида, боиси афзоиш қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши инсон шудааст.»

Ба қавли Шодӣ Шабдолов, гурӯҳҳои қочоқбар бо ҳам муомила мекунад ва дар пайи баъзе якдигарнофаҳмиҳояшон, сокинони деҳоти марзӣ рабуда ва ё мавриди истинтоқ қарор мегиранд.

Баробари таҳкими амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, намояндагони баландпояи аҳзоби сиёсӣ аз САҲА хостаанд, барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кунанд. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон зарурати барчидани наворҳои тундгароӣ ва терористӣ, озори ҷинсии занону кӯдакон дар кишвар ва масъалаҳои дигари муҳими иҷтимоию сиёсиро бо намояндагони САҲА дар миён гузоштаанд.

Рустам Мақсудов, ёвари мушовири сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ки зимни ин мулоқот намояндагони аҳзоби сиёсӣ ҳамчунин САҲА-ро барои ширкат дар баррасии тарҳи қонуни интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон даъват кардаанд, ки феълан ин тарҳи қонун дар парлумон қарор дорад. Дафтари САҲА изҳори омодагӣ кардааст, ки дар сӯҳбатҳои машваратӣ дар масъалаи тарҳи ин қонун, ширкат хоҳад кард.

Намояндаи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки САҲА ба масъалаҳои умумимиллии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Дар ниҳояти мулоқот, дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ тасмим гирифтаанд, ки ҳар моҳ мулоқоти бидуни протокол баргузор кунанд.
XS
SM
MD
LG