Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии лигаи наврасони футболи Нидерланд бо фоҷиа анҷом ёфт


Тибқи иттилои Associated Press, бозигарони дастаи «Нойв Слотен» ба довари марзи майдон ҳуҷум карда, ӯро лату кӯб карданд. Ҷароҳати бар асари лату кӯби дастаҷамъӣ гирифтаи довар то андозае ҷиддӣ буд, ки духтурон натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд. Ричард Нойвеҳуйзени 41-сола баъди якчанд соат дар беморхона вафот кард. Дақиқ шудааст, футболбозон ба довар барои он ҳуҷум кардаанд, ки дар ҷараёни бозӣ аз кори ӯ норозӣ будаанд. Дар ҳамин ҳол се футболбози синнашон 15-16-сола, ки ба марги довар гумонбар дониста мешаванд, дастгир шудаанд. Дастае, ки онҳо дар ҳайаташ бозӣ мекарданд, аз мусобиқот хориҷ ва бозиҳои наздиктарини лига бекор карда шудаанд. Инчунин маълум шудааст, ки ҳангоми ин ҳодисаи нохуш дар ҳайати яке аз дастаҳо писари довари фавтида дар майдон бозӣ мекард.
XS
SM
MD
LG