Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи вуруди Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ маълум шуд


Темир Сариев
Темир Сариев
Вазири иқтисоди Қирғизистон Темир Сариев гуфт, ки қарор аст соли 2014 кишвараш ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил шавад. Ӯ дар сӯҳбат бо вакилони кумитаи буҷуи давлатӣ ва молияи парлумон хабар дод, ки як гурӯҳи вижа ба таҳияи барномаи вуруди Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ машғул аст.

Барои нахустин бор як мансабдори ҳукумати Қирғизистон санаи вуруди кишвар ба иттиҳодеро, ки ба он Русия, Белорус ва Қазоқистон шомиланд, номбар кард. Қарор аст, ки ба думболи Қирғизистон ба ин иттиҳод Тоҷикистон ҳам ҳамроҳ шавад.

Иттиҳоди гумрукӣ моҳи июли соли гузашта ба хотири интиқоли бидуни бемонеъаи маблағу молу амвол ва нерӯи корӣ дар қаламрави се кишвари собиқ шӯравӣ таъсис шуд.

Мансабдорони рус мегӯянд, ки ҳадафи ниҳоӣ то соли 2015 таъсис кардани Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, як ниҳоди монанд ба Иттиҳодияи Аврупост.
XS
SM
MD
LG