Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари тӯфони “Пабло” дар ҷазираи Минданаои Филиппин шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, аз ҷумла, як кампир бар асари зери дарахт мондан аз олам даргузаштааст. Чаҳор моҳигир ҳам то ҳол беному нишонанд.

Наҷотбахшон беш аз 50 ҳазор нафарро ба ҷойҳои амн кӯчониданд. Дар баъзе манотиқ хатти интиқоли барқ хароб ва ҳаракати нақлиёт маҳдуд шудааст.

Ба гуфтаи Бенито Рамос, намояндаи идораи мудофиаи шаҳрвандии Филиппин, субҳи сешанбе тӯфон масирашро дигар кард ва қарор аст, ки то шом ба ҷазираҳои марказии Бохол, Негрос ва Себу расад.

Ҳамасола дар Филиппин то 20 бор тӯфон рӯй медиҳад, ки бар асари он садҳо нафар ба ҳалокат мерасанд. Моҳи октябр бар асари тӯфони “Сон Тин” 24 кас ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG