Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷозеф Данфорд ҷойгузини Ҷон Аллен мешавад


Ҷозеф Данфорд
Ҷозеф Данфорд
Сенати ИМА номзадии генерал Ҷозеф Данфордро дар мақоми фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон пазируфт. Номзадии Дандорф, ки алҳол ёвари фармондеҳи нерӯҳои пиёдагарди ИМА аст, аз сӯи раисиҷумҳур Барак Обама барои баррасӣ ба Сенат пешниҳод шуда буд.

Дар чаҳорчӯби рисолати худ дар Афғонистон Ҷозеф Данфорд генерал Ҷон Алленро иваз хоҳад кард, ки ба мақоми фармондеҳи кулли нерӯҳои муттаҳаидаи НАТО дар Аврупо пешбарӣ шудааст. Аммо таъиноти Аллен дар маснади нав баъди он мавқуф гузошта шуд, ки номи ӯ дар робита ба моҷарои робитаи ғайримашрӯъ ва истеъфои раиси Хадамоти марказии кашфи ИМА Дэвид Петреус сари забонҳо омад.
XS
SM
MD
LG