Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Шеъру тарона ҳамеша харидор дорад, агар самимӣ бошад"


Шоира Раҳимҷонова

Шоира Раҳимҷонова

Шоира Раҳимҷонова, таронасаро ва оҳангсози ҷавони тоҷик аст, ки маҳсули эҷодаш миёни ситораҳои мусиқии тоҷик талабгори зиёд дорад.

Шоира Раҳимҷонова, бонуи 35 солаи тоҷик таронасаро, оҳангсоз ва барномасози телевизион аст, ки маҳсули эҷодаш миёни ситораҳои тоҷик, аз қабили Шабнами Сураё, Фарзонаи Хуршед, Олими Маҳмуд ва дигарон талабгори зиёд дорад.

Айни ҳол бисёриҳо дар Тоҷикистон шоириро як пешаи номуваффақ медонанд, аммо ин андешаро Шоира қабул надорад ва мегӯяд, шеъру тарона ҳамеша харидор дорад, агар самимӣ ва ба хостаи замон навишта шуда бошад: «Мо бо амри тақдир вориди шоубизнес шудем. Аввал маҳсули эҷодамро тақдим мекардам, фикр доштам эҷодиёт фурӯхта намешавад. Аммо вақте дидам дигарон аз ҳисоби эҷодиётам пул меёбанд, суол гузоштам, ки чаро худам не?»

Шоира оҳанг ҳам менависад ва ҳудуди 80 оҳанги ӯро ҳунармандон иҷро кардаанд, дар ҳоле, ки ӯ ягон мактаби мусиқиро нахондааст. Ӯ шеъри нахустинро дар даҳсолагӣ гуфта ва баъдан эҳсоси қалби худро дар таронаву сурудҳо инъикос кард.

Шоира дар хонаводаи мазҳабӣ таваллуд ва бузург шудааст ва волидайнаш ба оҳансозиву таронанависии ӯ мухолифанд, аммо шавҳар ва чаҳор фарзанде, ки дорад, аз ин ҳунари Шоира истиқбол мекунанд.

Ин бону ба иловаи таронаву оҳангнависӣ масъули бахши мусиқӣ дар телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт» аст. Ӯ аз шумори оҳангсозу таронасароҳоест, ки мегӯяд, талош доранд шунавандаву бинандаро водор ба он созанд, ки дунболи маънии шеъру таронаҳо бираванд. Зеро ба қавли ӯ интиқоде, ки бар сари таронасарову оҳангсозон дар солҳои ахир рехтааст, кофист, ки аз маъниҳои сабук барои як умр даст бардошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG