Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имтиёзи Тоҷикистон ба шаҳрвандони Қирғизистон


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, аз ин пас шаҳрвандони Қирғизистон ҳақ доранд, то ду моҳ бе сабти ном дар қаламрави Тоҷикистон бимонанд. Вазорат бо нашри баёнияе дар торнамояш гуфтааст, ки ҳукумати кишвар рӯзи 23 ноябр бо судури қароре, ба санади марбутае аз соли 1999 тағйиру ислоҳ ворид кард, ки ба шаҳрвандони Қирғизистон иҷоза медиҳад, то 60 рӯз бе сабти расмии санадҳои муайянкунандаи ҳуввият дар қаламрави Тоҷикистон бимонанд. Вазорат аз тамоми ниҳодҳои марбут хостааст, ки талаботи санади мазкурро иҷро кунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз чунин ҳақ дар Қирғизистон бархурдор будаанд.
XS
SM
MD
LG