Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори "ҷиддии" Обама ба Башор Асад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба ҳукумати Сурия ҳушдор дод, ки дар сурати истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ алайҳи шӯришиён сазои ин корашро хоҳад гирифт. Обама гуфт: “Ман имрӯз мехоҳам ба Асад ва зердастони ӯ комилан возеҳ кунам. Ҷаҳон шуморо нигаҳ дорад. Истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ комилан ғайриқобили қабул хоҳад ва агар шумо бо истифодаи ин аслиҳа чунин иштибоҳи фоҷиабор кунед, оқибаташро хоҳед дид ва барои ин кор посух хоҳед дод.“ Раиси ҷумҳури Амрико нагуфт, ки дар сурати истифода аз чунин аслиҳа, ҳукумати Сурияро чӣ сазо хоҳад гирифт. Пештар аз ин баёнияи Барак Обама, мақомоти Амрико гуфтанд, маъмурони амниятӣ мушоҳида кардаанд, ки нерӯҳои ҳукуматии Сурия тайи чанд рӯзи гузашта, ба интиқоли абзори лозим барои аслиҳаи кимиёвӣ машғул будаанд. Кохи Сафед рӯзи душанбе гуфт, аз он бисёр нигарон аст, ки мумкин аст, ҳукумати Сурия масъалаи истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ бар зидди мухолифинро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи ҳукумати Амрико, Сурия бо истифодаи аз ин навъи аслиҳа “хати сурхро убур” хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG