Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти марги Саттор Биҳиштӣ - блогнависи эронӣ


Ғулом Ҳусейн Эжейӣ, додситони кулли Эрон, ба хабарнигорон гуфт, Саттор Биҳиштӣ, як блогнависи эрониро, ки моҳи гузашта дар боздоштгоҳ даргузашт, маъмурони амниятӣ латукуб кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқ нишон дод, ки Саттор Биҳиштиро аз ҳамон рӯзи аввали боздошташ задаанд, вале иллати марги ӯ на латукуб, балки шояд фишору шиддати равонӣ ва ҷисмонӣ бошад. Ду рӯз пеш аз ин мақомоти эронӣ Камол Ҳодиёнфар, раҳбари воҳиди мубориза бо ҷиноятҳои интернетӣ дар Теҳронро дар робита ба ҳамин парванда аз мақомаш барканор карданд. Саттор Биҳиштиро рӯзи 30 октябр боздошт карданд ва ӯ сеюми ноябр дар зиндони Эвин даргузашт. Мақомоти Эрон ҳафт нафарро дар иртибот ба марги ӯ дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG