Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳор озариро дар хиёнат ба Ватан айбдор карданд


Дар Боку чаҳор шаҳрванди Озарбойҷон бо иттиҳоми терроризм ва хиёнат ба Ватан ба мӯҳлати аз 12 то 14 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Додгоҳ онҳоро дар таҳияи амали террористӣ дар арафаи озмуни “Евровидение” дар Боку айбдор кард. Гуфта мешавад, ки гурӯҳи чаҳорнафарӣ мехост ба ин иқдом дар ҳамдастӣ бо Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон даст занад.

Мурофиаи додгоҳии ин гурӯҳ миёнаҳои моҳи гузашта шурӯъ шуд.Аз ин пеш расонаҳои давлатӣ хабар доданд, ки ибтидои сол дар навоҳии гуногуни Озарбойҷон тақрибан 40 гумонбари дастдошта дар тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дастгир шуданд.

Моҳҳои охир додгоҳҳои Озарбойҷон чанд нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо хадамоти вижаи Эрон равонаи зиндон карданд.
XS
SM
MD
LG