Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия мегуяд, ба аслиҳаи кимиёвӣ даст нахоҳад зад


Даргириҳо дар Сурия идома доранд

Даргириҳо дар Сурия идома доранд

Вазорати умури хориҷии Сурия изҳор намуд,ки Димишқ ба ҳеҷ ваҷҳ ва ҳеҷ гоҳ силоҳи кимиёвиро алайҳи мардуми худ истифода нахоҳад кард. Аз ин пеш Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ба ҳукумати Башор Асад ҳушдор дод, ки агар мақомоти Сурия дар набардҳо аз силоҳи кимиёвӣ истифода кунад, Вошингтон аз чораҳои шадид алайҳи Димишқ кор хоҳад гирифт. Изҳороти хонум Клинтон дар Прага садо дод – вазири умури хориҷии ИМА сафараш ба кишварҳои аврупоро аз пойтахти ҷумҳурии Чех шурӯъ кард.

Аз ин пеш рӯзномаи New Work Times дар бораи далелҳое хабар дод, ки баёнгари омодагиҳои Димишқ барои истифода аз силоҳи кимиёвист. Моҳи июл мақомоти Сурия бори аввал иқрор намуданд, ки кишвар соҳиби силоҳи кимиёвист ва дар сурати таҷовузи беруна аз он кор мегирад.
XS
SM
MD
LG