Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди кишварҳои аврупоӣ аз тасмими Исроил


Вазоратҳои умури хориҷии Бритониё ва Фаронса ба сафирони Исроил дар ин кишварҳо алайҳи тасмими ҳукумати Исроилд барои бунёди тақрибан се ҳазор манзили нав дар маҳаллаҳои яҳудинишини Каронаи бохтарии руди Урдун ва Байтулмуқаддаси шарқӣ эътироз карданд. Аз ин тасмим ҳамчунин Шветсия, Русия ва Олмон изҳори норозигӣ намудаанд.

Аз ин пеш Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз Исроил даъват кард, ки аз идомаи бунёди шаҳраксозӣ даст бардорад, зеро ин зарбаи марговар ба раванди сулҳи Ховари Миёна хоҳад буд.

Исроил дар бораи бунёди манзилҳои нав дар шаҳракҳои яҳудинишин баъди он тасми гирифт, ки Фаласти аз сӯи СММ чун кишвари нозир пазируфта шуд.
XS
SM
MD
LG