Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ "Пойтахт" ба репсароён минбар медиҳад


Ҷоизаҳоро барои ғолибони озмуни репсароёни тоҷик, ки 1-уми декабр оғоз шуда, чанд моҳи оянда давом хоҳад кард, репсарои машҳури рус, Тиматӣ тақдим хоҳад кард.

Қарор аст, ҷамъбасти озмун бо ширкати ин репсарои овозадори рус 21-уми март дар иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе сурат бигирад.

Роҳбарияти ТВ «Пойтахт», ки ташкилкунандаи озмуни мазкур аст, ба хотири интихоби беžғаразона ва шаффофи гурӯҳҳои репсаро ва сурудаҳои беҳтарини онҳо ғолибон аз тариқи паёмакҳои телефонӣ муайян хоҳанд шуд. Ҳар бинанда ва шунаванда метавонад дар муайян кардани нафари ғолиб раъй бидиҳад. Аз 80 гурӯҳи иштирокчӣ, танҳо 20 –тои онҳо интихоб хоҳанд гашт. Тибқи нақшаи раҳбарияти ТВ «Пойтахт», аз ҳисоби ин 20 гурӯҳ як дастаи алоҳидаи репсароён ташкил мешавад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири ТВ Пойтахт, гуфт, ки ташкили дастаи мазкур имкон медиҳад, ин навъи мусиқӣ, ки ба ҳаёти рӯзмарраи ҷавонон ворид шудаст, ба як низоми муайян дароварда шавад. Гуфта мешавад, ин аввалин бархӯрди некбинона аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ба реп мебошад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон нисбати реп муносибат яксон нест.

Репсароён инкор намекунанд, ки чунин иқдом барои поксозии реп аз сурудҳои таҳқиромез такони ҷиддӣ хоҳад дод. Зокирзода Масрур, аз репсароёни тоҷик, ки бо тахаллуси Массан маъруф аст, мегӯяд: «Реп дар рӯйи саҳна, дар эфир аст ва бояд мо матнҳои пурмазмун эҷод кунем. Инро реперҳо алакай фаҳмиданд.»

Мусиқии реп, ки солҳои ахир ба Тоҷикистон ворид шудааст, асосан дар байни ҷавонон маълум аст. Репсароён иддао доранд, ки барои гуфтани фикр реп усули мувофиқ аст ва ифодагари ботини инсонҳост. Репсарои тоҷик Азизов Умед мегӯяд, «вақти суруд аз аввал то охир чор калимаро мехонанд. Дар реп бошад, метавонем дар чанд дақиқа гапҳои бисёр гӯем. Матнҳоро худамон менависем. Як нафар барои дигар кас навишта наметавонад. Қоида чунин аст, ки дарди дили як нафарро дигаре намефаҳмад, ку!»

Аммо талоши ташкили дастаи репсароҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде пеш Қудратулло Ҳикматов, раҳбари Иттиҳоди бастакорони Тоҷикистон, ба расонаҳо аз ташкили ин фестивал изҳори ташвиш карда буд. Ба ақидаи ӯ реп барои санъати тоҷикон бегона буда, тавсияёбии он ба худшиносии тоҷикон зарба хоҳад зад.

Аммо Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири ТВ «Пойтахт» ва ташаббускори баргузории фестивали репхонҳо дар ин бора назари дигар дорад: «Чӣ мо аз баҳри ҳамин 200 ҳазор гузарем, онҳоро беназорат монем. Онҳо то бист соле, ки буд боз дар таҳхонаву болохонаҳо бошанд, матнҳояшон оҳиста-оҳиста вайрон шудан гирад ва онҳо ба авбош табдил ёбанд? Ҳаштод сол опера ва балетро ба мо талқин карданд. Чаро дар дили мо нағунҷид? Чаро беталқин, берадио, бетелевизион дар дили ҷавонакҳо раҳ ёфта истодааст, репу ҳам брекданс. Ҷомеа худаш медонад, ки чиро қабул кунад, чиро на.»

Аммо новобаста аз чунин баҳсу баррасиҳо, реп дар байни ҷавонон ва бахусус ҷавонони шаҳрнишин беш аз пеш густариш меёбад. Мазмун ва муҳтавои ин сурудаҳо низ аз ҳаёти маъмулии мардум гирифта шуда, танҳо камбудие, ки дорад алфози таҳқиромез аст, ки дар чаҳорчӯби меъёрҳои ахлоқии тоҷикон созгор нахоҳад буд.

Фирдавси Низом
XS
SM
MD
LG