Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ки баъд аз ҳалокати нӯҳ нафар бар асари тахриби нақби мошингарди Сасаго, вазъи ҳама нақбҳои кишварро тафтиш кунад.

Рӯзи душанбе мутахассисон ба тафтиши се нақбе шурӯъ карданд, ки аз рӯи тарҳҳои монанд ба Сасаго бунёд шудаанд. Дар Ҷопон дар маҷмӯъ 20 нақби мошингарде мавҷуд аст, ки солҳои 60-ум ва 70-уми қарни гузашта бунёд шудаанд.

Айни ҳол тафтиши сабабҳои тахриби нақби Сасаго, ки дар 80-километрии ғарби Токио ҷойгир аст, идома дорад. Рӯзи якшанбе плитаҳои бетонии нақб болои ду мошин ферӯ рехтанд. Дар натиҷа роҳи нақб баста шуд ва дар он ҷо сӯхтор ба амал омад.

Ду моҳ пеш мутахассисон вазъи нақбро санҷиданд ва аммо он вақт ягон мушкили ҷиддӣ ошкор нашуда буд.
XS
SM
MD
LG