Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон дар Прага масоили энерҷиро баррасӣ мекунад


Ҳилларӣ Клинтон дар Прага
Ҳилларӣ Клинтон дар Прага
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои аврупоӣ, имрӯз вориди шаҳри Прага шуд. Қарор аст, ки дар музокироти ӯ бо мақомоти Ҷумҳурии Чех мавзӯи бунёди бахши дуввуми нерӯгоҳи ҳастаии “Темелин” баррасӣ шавад. Айни ҳол барои дарёфти ҳаққи бунёди ин нерӯгоҳ, ки миллиардҳо доллар арзиш дорад, ширкати русии “Атомстройэкспорт” ва ширкати амрикоии Westinghouse вориди рақобат шудаанд.

Қарор аст, ки баъдан Ҳилларӣ Клинтон дар Брюссел дар нишасти НАТО ширкат кунад. Дар он дархости Туркия барои мустақарсозии системи зиддимушакии амрикоӣ дар марз бо Сурия баррасӣ мешавад. Вазири умури хориҷии ИМА ҳамчунин аз Ирландия ва Ирландияи Шимолӣ дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG