Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон алайҳи қочоқи маъданҳо мубориза мебаранд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки Учқунбек Тошбоев, раиси пешини Оҷонси давлатии геология ва захоири маъданӣ, то рӯзи 30 январи соли оянда дар боздоштгоҳ боқӣ мемонад. Дар ин бора додгоҳи ноҳияи Биринчи майи Бишкек бо дархости муфаттишон тасмим гирифт. Учқунбек Тошбоев бо иттиҳоми фасод ва берун аз ваколат пой гузоштан рӯзи 30 ноябр боздошт шуд. Тафтишот идома дорад.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар робита ба фасод дар саноати маъданҳои кӯҳӣ, ба яғмо бурдани тилло дар конҳои “Махмал” ва “Султон-Сари”-и ширкати давлатии “Қирғизолтин”, ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар бурдани сангҳои гаронбаҳо ва фурӯши муҷаввизҳо 8 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
XS
SM
MD
LG