Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду марзбони тоҷик бо гумони қочоқи сигор


Ду корманди Раёсати марзбонии минтақаи Ишкошимро бо гумони қочоқи 13 ҳазор қуттии сигори Pine аз Бадахшон боздошт шуданд. Дар ин бора имрӯз ба Радиои Озодӣ Саъдулло Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухадири назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони Оҷонсӣ дар доираи амалиёти "Кӯкнор-2012" дар 50 километри Хоруғ дар постгоҳи «Андароб» аз як мошини мусофирбар миқдори бузурги сигорро ошкор намуданд. Кормандони Оҷонсӣ мошини "Мерседес"-ро, ки ба дунболи мошини мусофирбар меомад,манъ карданд. Дар дохили он, аз ҷумла, ду корманди сарраёсати неруҳои марзбонӣ менишастанд. Онҳо зимни бозпурсӣ гуфтаанд, ки сигорҳоро аз як шаҳрванди Афғонистон харидорӣ кардаанд ва мехостаанд ба шаҳри Душанбе баранд.
XS
SM
MD
LG