Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борут Паҳор раисиҷумҳури Словения интихоб шуд


Борут Паҳор
Борут Паҳор
Борут Паҳор, раҳбари ҳизби мухолифи сотсиал-демократӣ ва нахуствазири пешини Словения, дар интихоботи президентӣ баранда шуд. Бар пояи иттилои расмӣ, дар даври дуввуми интихобот аз Паҳор 67 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ва аз раисиҷумҳури феълӣ Данило Тюрк фақат 32 дар сад пуштибонӣ карданд.

Дар раъйдиҳӣ ҳамагӣ сеяки интихобкунандагон ширкат доштанд ва ин ба гуфтаи коршиносон, баёнгари коҳиши эътимод ба ҳукумат аст, ки тавони аз бӯҳрони шадид иқтисодӣ берун кардани кишварро надорад.

Ҳафтаи гузашта ҳазорҳо нафар дар Любляна, пойтахти Словения, алайҳи чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумат ва фасод миёни мансабдорон эътироз карданд. Дар бархӯрдҳо бо полис 15 нафар ҷароҳат бардошта, тақрибан 30 тани дигар боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG