Пайвандҳои дастрасӣ

Латукӯби бародарони Алишер Соҳибов дар Бишкек


Дар сари қабри Алишер Соҳибов

Дар сари қабри Алишер Соҳибов

Дар шаҳри Бишкек бародарони хабарнигори марҳум Алишер Соҳибов – Озодбек, Шоҳрӯх ва Юсуф аз сӯи афроди ношинос лату кӯб шуданд. Ҳомии ҳуқуқи башар Азиза Абдурасулова дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки ҷабрдидаҳо ба шӯъбаи умури дохила ариза навиштаанд.

Ба гуфтаи хонум Абдурасулова, миёни афроде, ки ба бародарон Соҳибовҳо ҳамла кардаанд, Азабат Текебоев, бародарзодаи вакили парлумон Омурбек Текебоев низ ҳаст - дар ҷойи ҳодиса телефони мобайли ӯ пайдо шуд. Вакили парлумон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи ин ҳодиса ягон иттилоъ надорад.

Сабабҳои ҳамла то ҳол рӯшан нест. Алишер Соҳибов 27 октябри соли 2007 дар шаҳри Ӯш бар асари сӯиқасд ба ҳалокат расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG