Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таблиғи Тоҷикистон дар шабакаи ABC-и Амрико


Сафорати Тоҷикистон дар ИМА барои муаррифии бештари кишвар дар хориҷ, бо шабакаи ABC 7, NewsChannel 8-и Амрико, қарордод имзо кардааст.

Бар пояи ин қарордод, сар аз соати 06:43-и субҳи рӯзи 3-юми декабри соли 2012 (ба вақти Вашингтон), намоиши навори видеоии таблиғотӣ оид ба Тоҷикистон оғоз мешавад.

Тибқи ин созишномаи ҳамкорӣ, навор ҳамарӯза ба муддати 30 сония (дар як рӯз 7 маротиба, дар як ҳафта 30 маротиба, ҳамагӣ 90 маротиба) то 21-уми декабри соли равон тавассути пахши барномаҳои иттилоотии шабакаи мазкур ба тамошогари амрикоӣ пешкаш мегардад.

Сафорати Тоҷикистон дар ИМА ҳадаф аз пахши ин наворро тарғиби имконоту зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба тақвияти минбаъдаи имиҷи мусбии кишвар дар Амрико хондаанд. Дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки харҷи таҳия ва пахши ин навор чӣ қадар шудааст, сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида Нуриддин Шамсов гуфт, "маблағи ҳангуфте нест ва бо ташаббуси сафорат ва дастгирии ширкату созмонҳои амрикоӣ таҳия шудааст."

Шабакаи телвизионии АВС яке аз ширкатҳои бузург ва бонуфуз дар Амрико ба шумор рафта, дар сартосари ин кишвар миллионҳо бинанда дорад. Доираи асосии тамошобинони шабакаро мансабдорони Кохи Сафед, вакилони Конгресс, намояндагони ширкатҳои хусусӣ ва аҳолии штатҳои соҳили шарқии мамлакат ташкил медиҳанд. Канали иттилоотии ABC 7, NewsChannel 8 тақрибан 20 сол қабл таъсис ёфта, ба медиа-холдинги Allbritton Communications Company тааллуқ дорад.

Муаррифии Тоҷикистон дар Амрико
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:31 0:00


Соли гузашта низ ҳукумати Тоҷикистон дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон барои муаррифии ҳарчӣ бештари кишвар ба мардуми кишварҳои олам, ширкати давлатии "Талко"-ро муваззаф карда буд, ки бо шабакаи маъруфи "Евронюс" барои 16 рӯз қарордод бубандад ва аз тариқи ин шабака, наворҳои таблиғотӣ роҷеъ ба Тоҷикистонро пахш кунад. Шурӯъ аз 25-уми август то 9-уми сентябри соли гузашта ин наворҳо, ки ҳар кадомашон аз 30 сония иборат буд, аз тариқи шабакаи телевизионии "Евронюс" пахш шуда буданд. Ба гуфтаи масъулони ширкати "Талко", маблағи ин тарҳ беш аз 120 000 евроро ташкил медод.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ҳамбарои беҳтар кардани имиҷи байналмилалии кишвар талошҳое доштанд, ки яке аз намунаҳояш ташкили сафари хабарнигорони мунтақиди рус ва ҳам харидории як шумораи комили маҷаллаи русии “Огонёк” дар поёни солҳои 1990 буд. Аммо он ҳама маъмулан бо талоши сохтани симои мусбати кишвар дар Русия ва паҳнои шӯравии собиқ маҳдуд мешуд.

Тарҳҳои охир баёнгари ин аст, ки Душанбе акнун дар чунин талошҳояш ба маҳдудаи хеле бузургтар аз шӯравии собиқ фикр мекунад. Дар Тоҷикистон ҳатто як маркази вижаи имиҷсозӣ ҳам сохтаанд, ки тағйири афкори ҷомеа дар кишварҳои муҳоҷирпазир нисбат ба мардикорони тоҷикро дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG