Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ дар Челябинск ғолиб шуд


Комроншоҳ Устопириён
Комроншоҳ Устопириён

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, ғолиби Мусобиқаи VI кушодаи умумирусиягӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон гардид.

Ин мусобиқа ба хотираи Григорий Веричев, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, бо ширкати варзишгарони синнашон то 23-сола аз Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Челябинск баргузор шуд.

Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг дар ҳамаи панҷ қувваозмоӣ бар рақибонаш пирӯзӣ ба даст овард ва мақоми аввалро касб кард.

Се гуштигири дигари тоҷик – Саидмухтор Раҳимов ва Қонун Охунов дар вазни то 73 кг ҷойҳои панҷум ва Рашид Зиёбеков дар вазни то 81 кг ҷойи 7-умро гирифтанд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон гуштигирони ҷавони тоҷик дар айни ҳол дар Маркази омодагии олимпии Челябинск ҳамроҳ бо варзишгарони русиягӣ тамрин мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириёни 19-сола моҳи октябри соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Булғористон дар сабқати навҷавонон дар вазни то 90 килограмм пирӯз гашта, бо медали тилло мукофотонида шуда буд. Инчунин ӯ барандаи медали биринҷии мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи дзюдо миёни навҷавонон мебошад.
XS
SM
MD
LG