Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ландес Бонк" маҷмааи «Шарқи Озод»-ро таҷдид мекунад


Маҷмаи табъу нашри "Шарқи Озод"
Маҷмаи табъу нашри "Шарқи Озод"

Дар назар аст, ки «Ландес Бонк»-и Берлин барои таҷдид ва таҷҳизонидани Маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод», миллионҳо евро ихтисос диҳад.

Масъалаи ҷудо намудани маблағ барои таҷдид ва аз навсозии Маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод», дар мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо директори депортаменти маблағгузориҳои «Ландес Бонк» -и Берлин, Бернд Шмидт баррасӣ шудааст.

Тавре аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд, дар доираи лоиҳаи навсозии «Шарқи Озод», харидории таҷҳизоти замонавӣ барои омода намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъидошта ва кортҳои пластикӣ дар назар аст. Маҷмӯан, арзиши азнавсозиҳо дар Маҷмааи табъу нашри "Шарқи Озод" 11,4 млн.евро баҳогузорӣ мешавад.

Масъулин мегӯянд, аз замони ба истифода дода шудани Маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод» беш аз 26 сол сипарӣ шудааст, аммо то ҳанӯз комиссияи давлатӣ онро қабул накардааст, чун тибқи аснод ҳамагӣ 78 дарсади корҳои сохтмонии ин бино иҷро шудаанду халос.

Айни ҳол дар ин бино даҳҳо идораи рӯзномаю маҷаллаҳо маскан гирифтаанд, вале ба гуфтаи маъмурияти маҷмаа, маблағи ба дастомада ҳатто ба хароҷоти рӯзмарраи он намерасад.
XS
SM
MD
LG