Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамроҳхон Зарифӣ озими Ишқобод шуд


Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ барои ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 4-уми декабр баргузор хоҳад шуд, ба Ишқобод сафар кард. Дафтари матбуоти Вазоати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи душанбе, 3-юми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин нишаст масъалаҳои марбут ба таҳкими амнияти минтақа дар баробари таҳдидҳои террористӣ ва роҳҳои мубориза бо тундгароӣ ва густариши ҳамкориҳо дар бахши муҳҳитзистӣ ва масъалаҳои дигари муҳим баррасӣ хоҳанд шуд. Дар ҷараёни ин мулоқот вазирони умури хориҷӣ ҳамчунин барномаи масъалаҳои мавриди баҳси сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро баррасӣ хоҳанд кард. Нишасти сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 5-уми декабр баргузор хоҳад шуд, ки интизор меравад, ки дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат намояд.
XS
SM
MD
LG