Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси мудирияти интернет дар Дубай


Намое аз шаҳри Дубай. Акс аз бойгонӣ

Намое аз шаҳри Дубай. Акс аз бойгонӣ

Масъалаи мудирияти байналмилалии Интернет як мавзӯъи аслии баҳс дар нишасти Иттиҳодияи Байналмилалии Телекоммуникатсионӣ хоҳад буд, ки имрӯз дар Дубай оғоз меёбад ва 12 рӯз идома мекунад.

Ҳамдун Тур, дабири кулли ин муассисаи Созмони Милал гуфт, дар нишаст ислоҳи аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи муносибатҳои ширкатҳои мухобиротии кишварҳои ҷаҳон баррасӣ хоҳад шуд: “Барои ҷаҳон як фурсате пеш омадааст, ки моро дар роҳ ба сӯи як ҷомеаи ягонаи донишандӯзӣ ворид кунад. Бештар аз 1500 намоянда аз саросари ҷаҳон ба шумули намояндагони ҳукуматҳо, коршиносону ҷомеаи маданӣ дар Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар Дубай, як силсила муқаррароти нави байналмилалӣ дар арсаи телекоммуникатсияро баррасӣ хоҳанд кард. “

Баъзе аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳанд, масъулиятҳои ширкати амрикоии ICANN, ки ҷабҳаҳои фаннии Интернет, аз ҷумла номгузории вебсайтҳоро назорат мекунад, кам карда шавад. Ин кишварҳо мехоҳанд, Иттиҳодияи Байналмилалии Телекоммуникатсионӣ мудирияти комили Интернетро бар ӯҳда бигирад. Аз ҷумла ҳукуматҳое, ки мехоҳанд, аз ширкати Гугл барои интиқоли иттилоот ба қаламравҳояшон молиёт биситонанд ва ҳам ҳукуматҳои худкомае ҳастанд, ки мехоҳанд, назорат бар Интернетро сахттар кунанд.

Аз ҷумла Русия пешниҳод кардааст, ки ҳар кишвар “ҳаққи танзими Интернет дар қаламравашро” дошта бошад. Пешниҳоди 17 кишвари арабӣ дар бораи тағйири баъзе аз имконоти техникӣ дар Интернет будааст, ки метавонад, номи афроди дигарандешеро, ки мехоҳанд, махфӣ бимонанд, ошкор созад.

Мухолифони ингуна пешниҳодҳо, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Канада ва ширкати Гугл ҳастанд, ки намехоҳанд, маҳдудиятҳои наве дар Интернет эъмол шавад. Ҳамдун Тур ин гуфтаҳоро рад кард, ки гӯё Иттиҳодияи Байналмилалии Телекоммуникатсионӣ шоистаи мудирияти Интернет нест.

Алан Вудвард, профессор ва мутахассиси амнияти Интернет мегӯяд, баҳсҳо дар Дубай дар бораи ҳифзи Интернети боз ва ба ҳам васл дар саросари дунё муҳим аст. Ба гуфтаи ӯ, агар масъулияти ICANN-ро ба кишварҳои алоҳида бидиҳанд, интернет ҳам ба қисматҳо ҷудо хоҳад шуд.

Винт Серф, мудири собиқи ҳамин ширкат ва ҳоло мудири бахши рушди Интернет дар Гугл мегуяд, ҳоло Интернет аз чанд тараф мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст: "Бисёре аз кишварҳо Интернетро таҳдид мешуморанд бахусус кишварҳое, ки аз озодии баён бим доранд. Бештар аз 40 кишвари дунё ба навъе Интернетро сензура мекунад.”

Винт Серф хост, то тамоми баҳсҳои нишасти Дубай барои ҷомеа боз бошад.

Тоҷикистон ҳамроҳ бо Русия ва Узбакистону Чин дар гузашта ба Созмони Милал дар заминаи назорати Интернет пешниҳодҳоеро ироа кардааст, ки аз тарафи ҳомиёни озодии баён танқид шудааст. Айни замон дастрасӣ ба Фейсбук, шабакаи маъруфи иҷтимоӣ ва ҳамингуна торнамои Радиои Озодӣ номумкин шудааст, ки аз минбарҳои баҳси озод дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG