Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаҳои сангин ба мавзеъҳои шӯришиёни Сурия


Ҳавопаймоҳои ҷангии Сурия манотиқи ишғолкардаи шӯришиён дар канораҳои шаҳри Димишқро бомбборон кардаанд. Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои ҳукуматӣ саъй доранд, шӯришиёнро аз наздикиҳои фурудгоҳи Димишқ дуртар ронда ва монеъи пешравии онҳо ба дохили пойтахти Сурия шаванд. Эъломи ширкати ҳавопаймоии Миср, ки гуфт, имрӯз парвози ҳавопаймоҳо ба Димишқ ва шаҳри Ҳалабро аз сар мегирад, аломати он медонанд, ки нерӯҳои ҳукуматии Сурия назорати қисмате аз манотиқи атрофи фурудгоҳи Димишқро ба даст гирифтаанд. Бинобар ноамнӣ, парвози ҳавопаймоҳо ба ин фурудгоҳ се рӯз боз муттавақиф шуда буд. Дигар инки ба гуфтаи расонаҳои давлатии Сурия дар як бомбгузорӣ дар шаҳри Ҳумс, ки дар дасти ҳукумат аст, 15 нафар кушта ва 24 тани дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG