Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Дубай мудирияти Интернет баррасӣ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Дубай нишасти 12-рӯзаи Иттиҳодияи Байналмилалии Телекомуникатсионӣ шурӯъ мешавад, ки як масъалаи аслии он мудирияти байналмилалии Интернет аст. Ҳамдун Тур, дабири кулли ин созмон, гуфт, қарор аст, дар нишаст аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи мухобирот ислоҳ шавад. Баъзе аз кишварҳо мехоҳанд, баъзе аз салоҳиятҳои ширкати амрикоии ICANN кам карда шавад, ки ин ширкат масъули ҳамоҳангсозии ҷиҳатҳои фаннии Интернет аст. Онҳо мехоҳанд, ин масъулиятҳо ба Иттиҳодияи Байналмилалии Телекомуникатсионӣ, як ниҳоди Созмони Милал дода шавад, ки системаи байналмилалии иртиботи телефониро назорат мекунад. Аз ҷумлаи тарафдорони чунин кор ҳукуматҳои худкомае ҳастанд, ки мехоҳанд, бар Интернет назорати бештар дошта бошанд. Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва ширкати Гугл тарафи мухолифи баҳс ҳастанд.
XS
SM
MD
LG