Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони сиёсӣ дар Миср шиддат мегирад


Як ниҳоде, ки додрасҳои Мисрро намояндагӣ мекунад, гуфт, раъйпурсии умумӣ дар мавриди тарҳи Қонуни Асосиро раҳбарӣ нахоҳад кард. Шӯрои додрасҳои Миср рӯзи якшанбе дар нишасти худ дар шаҳри Қоҳира чунин тасмим гирифтааст. Додрасҳои Миср бо раиси ҷумҳури ин кишвар Муҳаммад Мурсӣ даст ба гиребонанд, ки рӯзи 22 ноябр бо судури як дастур салоҳиятҳои худро афзуда ва додрасҳоро аз ҳаққи лағви қонуну қарорҳои худ маҳрум кард. Пештар аз ин қарори Шӯрои Додрасҳо, Додгоҳи Қонуни Асоси Миср, нишастеро ба таъхир андохт, ки бояд дар он қонунмандии як гурӯҳе баррасӣ мешуд, ки ба таҳияи тарҳи нави Қонуни Асосӣ машғул аст. Додгоҳи Қонуни Асосӣ гуфт, тазоҳуроти тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср нагузоштааст, то додрасҳо ба кори худ машғул шаванд. Рӯзи шанбе ҳудуди 100 ҳазор нафар аз тарафдорони Мурсӣ дар Қоҳира ва дигар шаҳрҳои Миср раҳпаймоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG