Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи мардум дар Ромуллоҳ аз Маҳмуд Аббос


Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос имрӯз ҳамчун пирӯз ба Ромуллоҳ баргашт. Рӯзи 30 ноябр Маҷмаъи умумии СММ ба ин ташкилот мақоми “кишвари ғайриузв” дод. Аббос ба издиҳоми ҷамъшуда дар сарзаминҳои каронаи бохтарӣ гуфт, “Бале, мо акнун соҳиби давлат шудем." Ӯ ваъда дод, ки барои расидан ба оштӣ байни Фатҳу Ҳамос, ду гурӯҳи умдаи сиёсии фаластиниҳо, талош хоҳад кард. Қаблан, кобинаи вазирони Исроил дар посух ба раъйгирии СММ гуфт, беш аз 100 миллион доллар андозу пардохтҳои дигареро, ки Исроил аз номи ташкилоти худгардон ҷамъ кардааст, пеши худ нигоҳ хоҳад дошт. Кобинаи Исроил ҳамчунин эълон кард, ки қарори СММ асоси музокироти оянда байни Исроилу фаластиниҳо нахоҳад шуд. Вазири молияи Исроил Ювал Стейнитс гуфт, пули андоз барои пардохти қарзи ташкилоти худгардон аз ширкати барқ ва идороти дигари Исроил истифода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG