Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи олии Миср аз "фишорҳо" шикоят мекунад


Додгоҳи олии Миср гуфт, муҳокимаи қонунмандии Маҷмаъи Қонуни асосиро ба далели “фишорҳои равониву моддӣ” ба таъхир гузоштааст. Додгоҳ дар изҳороташ гуфт, тазоҳуроти тарафдорони исломгарои раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ кори қозиёнро номумкин гардондааст ва додгоҳ то замони хатми ин "фишорҳо" фаъолияташро мутаваққиф мекунад.
Қаблан раисиҷумҳури Муҳаммад Мурсӣ райъпурсии тарҳи Қонуни асосиро ба рӯзи 15 декабр таъйин кард ва такроран гуфт, бо тасвиби ин санад салоҳиятҳои изофии ӯ лағв хоҳанд шуд. Созмони Афви байналмилалӣ тарҳи Қонуни асосии Мисрро маҳкум карда, гуфтааст, ин санади аз сӯи тарафдорони исломгарои Мурсӣ таҳияшуда “дар ҳимоят аз ҳуқуқи инсон кӯтоҳӣ мекунад.”
XS
SM
MD
LG