Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 декабр - Рӯзи ҷаҳонии маҳви ғуломдорӣ


2 декабр Рӯзи байналмилалии маҳви ғуломдорист. Ҳадаф аз ин маърака ҷалби таваҷҷӯҳ ба мубориза ба шаклҳои муосири ғуломдорӣ, назири истисмори ҷинсӣ, кори кӯдакон, издивоҷи иҷборӣ ва ҷалби иҷбории кӯдакон ба низоъҳои мусаллаҳона аст.
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар як баёния гуфт: “Ҳар рӯз, дар тамоми минтақаҳои дунё занонро қочоқу харидуфурӯш ва дар фоҳишахонаҳо ба мақсади танфурӯшӣ банд мекунанд. Духтарони хурдро маҷбур ба шавҳар медиҳанд, истимори ҷинсӣ ва дар ҳамчун хилдматгори хона истифода мекунанд. Кӯдакон дар конҳо кор мекунанд, маводи тарканда мегузоранду заҳри дустро нафас мегиранд. Дигаронро рабуда, ба сарбозӣ мебаранд ва маҷбур мекунанд, ки даст ба қатлу шиканҷа бизананд.”
СММ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар дунё ҳудуди 21 миллион нафар азоби ғуломиро мекашанд. Беш аз нисфи онҳо, ба ҳисоби СММ, занону кӯдаконанд.
XS
SM
MD
LG