Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян Ҷопонро аз хатти парвози мушакаш огоҳ кард


Кореяи шимолӣ имрӯз ҳамсояаш Ҷопонро аз масири мунтазираи ҳаракати мушаки озмоишиаш огоҳ кард. Пхенян дирӯз гуфт, байни 10-22 декабр мушаки дурпарвозашро хоҳад озмуд. Чунин озмоиш дар моҳи апрел ба нокомӣ анҷом ёфта буд. Ба дунболи ин эълон, Амрико ва Кореяи ҷанубӣ аз Пхенян даъват кард, ки озмоиши мушакиашро лағв кунад. Ҷопон ҳам ба низомиёнаш амр дод, то ҳар мушакеро ки вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар мешавад, суқут диҳанд. Чин низ имрӯз дар ин робита изҳори нигаронӣ кард. Кореяи шимолӣ мегӯяд, озмоишҳо рушди иқтидораш барои “истифодаи кайҳон бо аҳдофи сулҳомез”-ро ба ҳадаф доранд. Вале Амрико ва муттаҳидинаш мегӯянд, ҳадафи Пхенян рушди мушакҳои раҳбурдии фароқораист, ки мухолифи қатъномаҳои СММ зидди барномаи ҳастаии Кореяи шимолист.
XS
SM
MD
LG