Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунмандии Маҷмаъи Қонуни асосӣ баррасӣ нашуд


Эътирози мухолони Мурсӣ дар майдони Таҳрир
Эътирози мухолони Мурсӣ дар майдони Таҳрир
Додгоҳи олии Миср муҳокимаи қонунмандии Маҷмаъи Қонуни асосиро ба таъхир гузошт. Сухангӯи додгоҳ иллати таъхирро сабабҳои маъмурӣ номид, вале як ҳуқуқдон гуфтааст, қозиён дар муқобили ҳазорон эътирозгари гирдомада дар даври додгоҳ худро амн эҳсос намекунанд. Қаблан раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ райъпурсии тарҳи Қонуни асосиро ба рӯзи 15 декабр таъйин кард ва такроран гуфт, дар пайи тасвиби ин санад салоҳиятҳои изофии ӯ лағв хоҳанд шуд.
Афви байналмилалӣ тарҳи Қонуни асосии Мисрро маҳкум карда, гуфтааст, ин санади аз сӯи тарафдорони исломгарои Мурсӣ таҳияшуда “дар ҳимоят аз ҳуқуқи инсон кӯтоҳӣ мекунад.”
XS
SM
MD
LG