Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории як генерали баландпояи пулиси Эрон


Пулиси Эрон дар иртикоби қазияи марги як блогнавис дар боздошт раҳбари бахши мубориза бо ҷиноёти кибернетикиашро барканор кардааст. Хабаргузории нимарасмии Форс хабар дод, ки генерал Камол Ҳадёнфар ба иллати “камбуди назорати муассир бар рафтори зердастонаш” сабукдӯш шудааст. Мақомоти Эрон дар моҳи ноябр тасдиқ кард, ки блогнавис Саттор Биҳиштӣ, ки бино ба хабарҳо, шиканҷа шуда буд, дар боздоштгоҳи пулис фавтидааст. Ба гуфтаи мақомот, Биҳиштӣ рӯзи 30 октябр бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои интернетӣ дастгир шуда, рӯзе баъд ба зиндони Эвин дар шимоли Теҳрон оварда шуд. Биҳиштии 35-сола, ки барои бозпурсӣ ба маъмурони воҳиди зери дасти Ҳадёнфар супурда шуд, рӯзи 3 ноябр даргузашт.
XS
SM
MD
LG